Борҳои транзитӣ аз қаламрави Туркманистон дар корвони нақлиётӣ ҳаракат мекунанд, ки он дар масофаи 1 километр аз марзҳои Ӯзбекистону Эрон ташкил мешавад. Вақти ҷамъоӣ соати 8:00 аст, хабар медиҳад CentralAsia бо истинод ба хидмати матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон.

Пулиси роҳ мошинҳои боркашро ҳамроҳӣ мекунад. Ба ронандагон дар вақти рондани мошин бозистодан ва аз кабина баромадан манъ аст.

Корвони нақлиёти автомобилӣ барои пур кардани сӯзишворӣ, хидматрасонии техникии мошинҳо ва истироҳати ронандагон дар истгоҳҳои махсус меистад. Дар сурати вайрон шудан ва ё дигар мушкилиҳо ҳангоми ҳаракат мошин аз корвон бароварда мешавад. Коркунони ҳифзи қонун якҷоя бо идораи нақлиёти автомобилии Туркманистон ба ронанда ёрии амалӣ мерасонанд.

Барои ҳамлу нақли транзитӣ аз қаламрави Туркманистон ронандагон бояд натиҷаи ташхиси ПСР-и COVID-19 дар сарҳад (на камтар аз 72 соат пеш аз убури сарҳади давлатӣ) ё шаҳодатномаи эмгузаронӣ бар зидди коронавирус (на дертар аз 42 рӯз аз санаи охирин ваксина) пешниҳод кунанд, инчунин дар гузаргоҳ аз санҷиши экспресс барои COVID-19 гузаранд.