Ҷавонони туркзабон дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар Қӯқанд ҷамъ мешаванд

    Фарҳанг 3 Iyul 2023 1306

    Дар шаҳри Қӯқанди вилояти Фарғона 11-15 июли соли равон Фестивали байналмилалии ҷавонони туркзабон баргузор мешавад. Иштирокчиёни он донишҷӯёну ҷавонони фаъол аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон, инчунин Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Туркия хоҳанд буд.

    Созмондиҳандагони чорабинӣ Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии кор бо ҷавонон, Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ (ТУРКСОЙ) мебошанд.

    Барномаи форум озмунҳои гуногун, муаррифӣ, вохӯриҳо, аксияҳо, лоиҳаҳо ва дигар чорабиниҳоро дар бар мегирад.

    Илова бар ин, дар он рӯзи дӯстдорони китоб, мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни этноспорт, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, мизҳои мудаввар оид ба ташкили тиҷорати ҷавонон, истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, муколамаҳои эҷодӣ бо чеҳраҳои маъруфи театру синамо дар назар аст.

    Барои маълумот: Ҷашнвораи байналмилалии ҷавонони туркизабон ба нақша гирифтааст, ки аз соли 2023 сар карда, дар хар ду сол дар моҳхи дуюми тобистон гузаронда шавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates