Нетаняҳу таъкид кард, ки ҷанг дар ин анклав танҳо замоне хотима меёбад, ки ҳама ҳадафҳои пешгузошта, чун нобуд кардани Ҳамос, озод намудани гаравгонҳо ва барҳам додани таҳдиди ин анклав ба Исроил амалӣ гарданд.
Бино ба маълумоти вазорати тандурустии Ғазза, бар асари ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза тайи ду рӯзи охир дастикам 92 фаластинӣ кушта ва 200 нафари дигар захмӣ шудаанд, хабар медиҳад tengrinews.kz.