Украина посухи худро ба ИМА тақдим кард

    Украина посухи худро ба ИМА пешниҳод кардааст, аммо ҳанӯз маълум нест, ки Киев ба ин ҳуҷҷат чӣ пешниҳод ё тағйирот ворид намудааст.

    Нақшаи кӯтоҳшудаи сулҳ, ки аз 20 банд иборат аст, як қисми маҷмӯи се ҳуҷҷатест, ки ҷонибҳо фаъолона муҳокима мекунанд. Муқаррароти асосии нақша иборатанд аз таъсиси минтақаи ғайринизомӣ дар хатти ҷабҳа, баргузории интихобот дар Украина, таъмини кафолатҳои амниятии ИМА монанд ба моддаи 5-и НАТО ва дигарро фаро мегирад.

    Украина посухи худро дар бораи нақшаи сулҳ ба ИМА рӯзи чоршанбе, 10 декабр тақдим кард, аммо то ҳол маълум нест, ки Киев ба ин ҳуҷҷат чӣ пешниҳод ё тағйироти мушаххас ворид кардааст. Ҳамзамон, баъзе дипломатҳои аврупоӣ, ки аз пешниҳоди 20-бандӣ огоҳ ҳастанд, баъзе тафсилотро бо CNN мубодила карданд.

    Аз ҷумла, нақшае, ки 20 бандро фаро мегирад, инҳоро пешбинӣ мекунад:

    - Таъмини кафолатҳои амниятӣ ба Украина дар шакли моддаи 5-и НАТО дар бораи дифоъи мутақобилаи аъзои иттиҳод;

    - то соли 2027 ба узвияти Иттиҳоди Аврупо қабул кардани Украина;

    - Баргузории интихобот дар Украина - ин масъала ҳам аз ҷониби Президент Доналд Трамп ва ҳам аз ҷониби Кремл ба миён гузошта шудааст;

    - Эътирофи расмии қаламравҳои ишғолкардаи Русия аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида, ки метавонад маънои тағйир додани сиёсати муқарраршудаи Вашингтон дар бораи тамомияти арзии Украинаро дошта бошад;

    - бо 800 000 нафар маҳдуд кардани шумораи артиши Украина (дар нақшаи қаблӣ, ки аз 28 банд иборат буд, 600 000 нафар пешниҳод гардидааст).

    Дар айни замон, дар лоиҳа калимае нест, ки Украинаро аз пайвастан ба НАТО манъ кунад ва инчунин дар бораи узвияти эҳтимолии кишвар дар иттиҳод низ маълумоте нест.

    Дипломатҳои аврупоӣ қайд мекунанд, ки нақшаи ихтисоршуда баъзе нуктаҳоро аз версияи 28-бандӣ дар бар мегирад (хусусан, эътирофи қаламравҳои ишғолшуда), ки ҳам дар Киев ва ҳам дар байни шарикони аврупоии он боиси нигаронӣ мешавад.

    Ғайр аз ин, дар ҳуҷҷат созишномаҳо байни ИМА ва Русия дар бораи дороиҳои яхкардашудаи Русия дар хориҷа баррасӣ мешаванд.

    Аммо, тибқи гузоришҳои воситаҳои ахбори оммавӣ, мақомоти ИМА ва муттаҳидони онҳо музокиротро устувор намешуморанд. Як қатор масъалаҳо, аз ҷумла масъалаҳои ҳудудӣ, ба ин раванд ба таври назаррас халал мерасонанд. Вуҷуд надоштани нишонаҳои омодагии Кремл таҳти роҳбарии Владимир Путин барои ҳалли осоиштаи вазъият зиддиятҳоро афзоиш медиҳад, хабар дод korrespondent.net.

    Бояд гуфт, ки 10 декабр рӯзномаи “The Washington Post” дар бораи "сенарияи Корея"-и эҳтимолӣ барои ҳалли вазъият дар қаламравҳои ишғолшудаи Украина дар доираи нақшаи пешниҳодшудаи сулҳи ИМА хабар дода буд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates