Улуғбек Қосимов ҳокими вилояти Сурхондарё тасдиқ гардид

    Ҳукумат 13 Mart 2023 1588

    Дар шаҳри Тирмиз иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Сурхондарё баргузор гардид. Дар кори он Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

    Дар сессия масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Президент дар асоси фикри фаъолони вилоят номзадии Улуғбек Бердиқобилович Қосимовро, ки вазифаи ҳокими вилоятро иҷро мекард, ба вазифаи ҳокими вилояти Сурхондарё тавсия кард.

    Улуғбек Қосимов роҷеъ ба рушди соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ дар вилоят, фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии мардум андешаҳои худро баён кард.

    Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро пазируфта, ба масъулин супоришҳои дахлдор дод.

    Нақшаҳои номзад оид ба таъмини шуғли аҳолии вилоят ва баланд бардоштани даромади онҳо, рушди кишоварзӣ ва саноат, ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳаи иҷтимоӣ шунида ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сипас масъалаи ба вазифаи ҳокими вилоят таъин намудан ба овоз монда шуд. Бинобар натиҷаи овоздиҳӣ Улуғбек Қосимов ҳокими вилояти Сурхондарё тасдиқ гардид.

    Президенти Ӯзбекистон дар асоси нақшаву пешниҳодҳои дар сессия гузошташуда дар назди ҳокими нав ва шахсони ваколатдор оид ба рушди минбаъдаи минтақа вазифаҳо муайян намуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates