Дар паёми худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарвари давлат зодаи Тошкандро «дӯсти бузург» номида, саҳми ӯро дар маъракаҳои президентӣ, лоиҳаҳои расонаӣ ва сиёсати кадрӣ қайд кард.

«Нақши Серджио ҳамчун директори идораи кадрҳо барои иҷрои ваколати бесобиқае, ки мо аз мардуми Амрико гирифтем, калидӣ буд. Барои сернуфустарин минтақаи ҷаҳон ба ман шахсе лозим буд, ки пурра ба ӯ эътимод дошта бошам, то барномаи маро амалӣ кунад ва ба мо дар боз бузург сохтани Амрико кумак расонад», — навиштааст Доналд Трамп.

Барои маълумот: Серджио Гор соли 1986 дар шаҳри Тошканд таваллуд шуда, ҳангоми таваллуд номи Сергей Гороховскийро гирифтааст. Айни ҳол ӯ идораи кадрҳои Кохи Сафедро роҳбарӣ мекунад ва ин вазифаро то тасдиқи сенаторҳо ба мақоми нав идома медиҳад.