Ҳуҷҷат нақшаи генералии кабудизоркунии пойтахтро барои солҳои 2023-2027 тасдиқ кардааст, ки дар он ҳар сол ниҳолшинонӣ пешбинӣ шудааст:
- тақрибан 7 миллион гулҳои мавсимӣ;
- камаш 75 ҳазор бех ниҳоли дарахту бутта.
Дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, ки то охири сол тартиб додани рӯйхати суроғаҳое, ки дар мавсими боронгарӣ дучори обхезӣ мешаванд ва андешидани тадбирҳои пешгирӣ кардани ҷамъшавии об.
Дар қарор вазифаҳои зерин муайян шудаанд:
- то соли 2024 дараҷаи кабудизории пойтахт ба 30% расонда шавад.
- ба зиммаи раёсати экология ва ҳокимиятҳои ноҳиявӣ гузоштани ӯҳдадориҳо оид ба назорати аз ҷониби корхонаҳои ба тоифаҳои I ва II мансуб расондани таъсир ба муҳити зист (хатари баланд ва миёна) бо таҷҳизоти ҷангугазҷамъкунандаи бо самарабахшиашон на мкам аз 95 фоиз;
- гузаронидани инвентаризатсияи шабакаҳои обёрии кӯчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо бо таъмиру навсозии минбаъдаи шабакаҳо;
- ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи дарахтон аз ҳашароти зараррасон;
- дар солҳои 2022-2024 ободонии минтақаҳои соҳили (62 км) каналҳои аз шаҳр убуркунанда, мустаҳкам намудани соҳилҳои каналҳо, кабудизоркунӣ ва бунёди гулгаштҳо.
Ҳуҷҷат дар системаи ягонаи электронии таҳия, тасдиқ ва бақайдгирии қарорҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабулшуда ба забони давлатӣ интишор гардида, аз 16 сентябри соли 2022 мавриди амал қарор дода шуд, хабар медиҳад Norma.