Ба иттилои палатаи поёнии парлумон, бо мақсади такмили қонунгузории мурофиавӣ ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид намудани тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст.

Бо лоиҳаи қонун чунин тартибот, ба мисли огоҳиномаи ҷонибҳо дар бораи ҷаласа бинобар парванда тавассути SMS-хабар, назорати онлайнии ҳолати муроҷиатҳо ба суд, тартиби иштирок дар мурофиаҳои судӣ дар тартиби видеоконфронси мобилӣ  бидуни омадан ба бинои суд муқаррар шудаанд.

Ба гуфтаи депутатҳо, қабули лоиҳаи қонун сатҳи дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба адолати судӣ боло бурда, маблағро сарфа мекунад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Лоиҳаи қонун дар қироати якум қабул гардид.