Ӯзбекистон - Тоҷикистон: халқҳои моро дӯстии мустаҳкам ба ҳам мепайвандад

    Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзодаро ба ҳузур пазируфт.

    Қайд карда шуд, ки халқҳои ӯзбек ва тоҷикро риштаҳои мустаҳками дӯстии дар давоми асрҳо озмӯдашуда ба ҳам мепайванданд. Солҳои охир ба шарофати саъю кӯшиши сарони ҳар ду давлат ин риштаҳои азими дӯстию бародарӣ боз ҳам инкишоф ёфт.

    Баррасии фаъолияти гурӯҳи кории Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, ҳамкориҳои Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

    Мавсими обёрии соли 2021 бомуваффақият гузашт, сарфи назар аз 25-30% норасоии об, корҳои муштарак ҷиҳати ҳалли мушкилоти об идома доранд. Соли 2019 бо мақсади таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва илмии халқҳои ӯзбеку тоҷик Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон таъсис дода шуд.

    Соли 2021 барои Ҷамъияти дӯстӣ пурсамар буд: гранти давлатӣ аз Фонди ҷамъиятии дастгирии ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон гирифта шуд. Бо кумаки ин грант китоби "Антологияи адабиёти ӯзбеки Тоҷикистон" бо теъдоди 400 нусха аз чоп баромад. Барои таъмини шаҳрвандони Ӯзбекистони муқими Тоҷикистон бо нашрҳо ба забони ӯзбекӣ қариб 600 адад 74 номгӯйи китобҳо харидорӣ шудааст.

    Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи ташкили вохӯриву конфронсҳоро дар Тоҷикистон дар соли 2022 дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ карданд, хабар медиҳад ӮзА.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates