Дар ин форум вакилони беш аз 150 донишгоҳ аз 55 кишвари ҷаҳон ва ҳайатҳои беш аз 60 созмони байналмилалӣ ширкат карданд. Дар доираи барнома семинару тренингҳо оид ба баланд бардоштани мавқеи донишгоҳҳо дар рейтингҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани тахассуси масъулини тартиб додани рейтинг ва дигар кормандон, роҳандозии табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ташкил карда шуданд, хабар медихад АИ «Дунё».
Чорабинӣ дар майдони созмони бонуфузи байналмилалии рейтингии «Times Higher Education» ва шарикони он баргузор гардид.
Дар ҷараёни музокироти дуҷониба, ки дар чаҳорчӯби форум сурат гирифт, ба ҷониби хориҷӣ дар бораи ислоҳот дар низоми таҳсилоти олии Ӯзбекистон ва натиҷаҳои мусбат маълумот дода, масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон ва таҳкими ҳамкориҳо бо созмонҳои рейтингӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ бо Дэвид Уоткинс, директори иҷроия оид ба коркарди маълумотҳои ташкилоти байналмилалии рейтингии "Times Higher Education" вазъи кунунии ҳамкориҳои Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия бо ин созмон, беҳбуди мавқеи муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар рейтингҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии методологияи рейтингӣ ба низоми миллии рейтингӣ, таҳлили нишондиҳандаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аҳамияти ширкат дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ва нақшаҳои оянда таъкид шуд.
Бинобар натиҷаҳои мулоқот оид ба ташкили семинарҳо ва тренингҳо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои кормандони барои рейтингҳои байналмилалӣ масъул, гузаронидани чорабиниҳои зерини байналмилалии ташкилоти рейтингии «Times Higher Education» дар Ӯзбекистон созишномаҳои пешакӣ ба даст омаданд.