Иқтидорҳо дар заводи механикии Фарғона ҷойгир хоҳанд шуд. Арзиши лоиҳа 50 миллион доллар арзёбӣ мешавад, ки 40 миллион доллари он сармояи мустақими хориҷӣ, 5 миллион доллари он қарзи бонкӣ ва 5 миллион доллари дигар маблағҳои соҳибкорони ӯзбекистонӣ мебошад.
Лоиҳа дар якчанд марҳила амалӣ шуда, то охири соли 2022 ба анҷом мерасад. Ҳангоми расидан ба иқтидори пурра дар як сол истеҳсоли то 10 ҳазор электромобил ба нақша гирифта шудааст. Бо ин беш аз 300 ҷойҳои корӣ созмон дода мешавад, хабар медиҳад "CentralAsia".
Дар моҳи декабр истеҳсоли чаҳор модели мошинҳои сабукрав ва ҳашт модели мошинҳои тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо назардошти инфрасохтори нокифоя ва набудани истгоҳҳои барқгиранда, дар марҳилаи аввал ҳамаи моделҳо гибрид хоҳанд буд, яъне онҳо метавонанд ҳам бо барқ ва ҳам бо бензин кор кунанд.
Мувофиқи лоиҳа, дар Фарғона ҳам мошинҳои хурди арзон, ҳам кроссоверҳо, инчунин микроавтобусҳо ҷамъ оварда мешаванд.