Зимни сафар ҳайат бо намояндагони яке аз ширкатҳои пешсафи ҷаҳонии бозсуғуртакунӣ — Munich Re мулоқот намуд. Ин ширкат дар арзёбии хавфҳои кишоварзӣ ва бозсуғуртакунӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷрибаи бузург дошта, дар соҳаи суғуртаи кишоварзӣ қарорҳои муосир ва индексӣ татбиқ менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот ба аҳамияти таҳлили геоаналитикӣ, арзёбии хавфҳо чун хушксолӣ, тӯфонҳо, сармо ва дигар офатҳои табиӣ бо истифода аз маълумоти моҳвораӣ, инчунин муҳиммияти механизмҳои суғуртаи субсидияшаванда дар асоси ҳамкорӣ миёни давлат ва бахши хусусӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи фермерон ва таҳкими боварӣ ба суғурта дар байни истеҳсолкунандагони кишоварзӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Илова бар ин, ҳайат аз маркази агрологистикии ширкати Raiffeisen-Waren GmbH дар шаҳри Эрдинг дидан намуд, ки бо хизматрасониҳои мукаммали кишоварзӣ машғул аст. Ин ширкат дар ҳамкории зич бо фермерон намунаи муосири хизматрасонии кишоварзиро пешниҳод менамояд, ки интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, тухмипарварӣ, нуриҳо, техникаи кишоварзӣ ва машваратҳои агрономиро фаро мегирад.
Дар доираи сафар бо намояндагони созмони асосии муттаҳидкунандаи ширкатҳои хусусии суғуртавии Олмон — German Insurance Association (GDV) низ мулоқот баргузор гардид. Дар он масъалаҳои рақобатпазирӣ дар бозори суғурта, стандартизатсияи қарорҳои суғуртаи кишоварзӣ, таҳлили хавфҳо ва татбиқи усулҳои рақамӣ муҳокима шуданд.
Ҳамчунин, ҳайат дар Вазорати федералии озуқа ва кишоварзии Олмон (BMEL) бо намояндагон мулоқот кард. Дар он роҳҳои муассири ташкили низоми суғуртаи кишоварзии Олмон, арзёбии зарари хавфҳои табиӣ, ҳимояи иқтисодии фермерон ва механизмҳои бозсуғуртакунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таҷрибаи Олмон, аз ҷумла системаи субсидиякунӣ дар доираи Сиёсати умумии кишоварзии Иттиҳоди Аврупо, нақши суғурта дар идоракунии хавфҳо ва фмаданияти суғуртавӣ дар байни фермерон барои Ӯзбекистон аҳамияти амалӣ дорад.