Ӯзбекистон ва Эрон ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф таҳким мебахшанд

    Таълим 16 May 2025 1146

    Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конгратбой Шарипов дар доираи Нӯҳумин нишасти вазирони маорифи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо вазири илмҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Симайи-Сарроф мулоқот анҷом дод.

    Дар бораи ин вохӯрӣ портали эронии Tehran Times хабар додааст.

    Конгратбой Шарипов дар бораи фаъолияти технопарки муштарак, ки дар Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, маълумот дода, зарурати васеъ кардани чунин марказҳоро таъкид намуд. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки Ӯзбекистон омода аст ҳамкориро дар доираи созишномаи бо Донишгоҳи технологии Шариф қаблан баимзорасида амиқтар намояд.

    Аз ҷониби худ, вазир Симайи-Сарроф ҳавасмандии худро нисбат ба таъсиси технопаркҳои нав ва кластерҳои байналмилалии инноватсионӣ дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон баён кард.