баннер
25 Mar 2025
21:02

    Ӯзбекистон ва Қазоқистон марказҳои муштараки савдоро боз мекунанд

    Тиҷорат 20 Fevral 2025 1132

    Дар шаҳри Тошканд нақша доранд маркази савдое кушоянд, ки дар он молҳои Қазоқистон фурӯхта мешаванд. Дар навбати худ, дар шаҳри Остона мумкин аст маркази ба ин монанд барои фурӯши молҳои Ӯзбекистон сохта шавад.

    Сафорати Қазоқистон дар Ӯзбекистон бо соҳибкорони қазоқ, ки дар ин кишвар фаъолият доранд, мулоқот анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таҳкими робитаҳои иқтисодии байни ду давлат мусоидат мекунанд, баррасӣ шуданд, хабар медиҳад агентии Kazinform.

    Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Дилшод Расулов зикр кард, ки соли гузашта дар кишвари ҳамсоя маркази тақсимотӣ дар шаҳри Оқтау кушода шуд. Тавассути ин марказ шаҳри Тошканд нақша дорад маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла молҳои ғизоиро ба бозори Қазоқистон содир кунад. Ғайр аз ин, истифодаи ин марказ барои нигоҳдории муваққатии молҳои Ӯзбекистон, ки ба дигар кишварҳо фиристода мешаванд, пешбинӣ шудааст.

    — Ҳамчунин, тобистони соли гузашта дар Қазоқистон ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ вохӯрӣ бо ҳокими Остона баргузор шуд, ки дар натиҷаи он ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Мувофиқи ин ҳуҷҷат, қарор аст, ки як қитъаи замин дар пойтахти Қазоқистон барои ҷониби ӯзбек ва барои Қазоқистон қитъаи замине дар Тошканд ҷудо карда шавад. Дар ин заминҳо марказҳои савдо сохта мешаванд, ки имконият медиҳанд молҳои Ӯзбекистон дар Остона ва молҳои Қазоқистон дар Тошканд фурӯхта шаванд, — нақшаҳоро шарҳ дод Дилшод Расулов.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech