Ўзбекистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи илм мустаҳкам мекунад

    Илм 23 Yanvar 2024 1329

    Дар доираи форуми таълимии Ӯзбекистону Чин муовини якуми вазири маориф, илм ва инноватсия Қ.Каримов бо муовини вазири илм ва технологияи Чин Chjan Yuydun мулоқот намуд.

    Тарафҳо дар рафти гуфтушунид корҳои то имрӯз дар соҳаи илму техника ба ҷо овардашударо муҳокима намуда, оид ба инкишофи ҳамкорӣ мубодилаи афкор карданд. Дар натиҷаи гуфтушунид тарафҳо як қатор созишҳо ба даст оварданд.

    Аз ҷумла, қарор шуд, ки даври навбатии озмуни лоиҳаҳои муштараки илмӣ миёни олимони Ӯзбекистон ва Чин баргузор шавад. Ҷонибҳо маблағгузории тадқиқотро дар соҳаи биотехнология, генетика, тиб, энергетикаи алтернативӣ, материалшиносӣ ва геология пешбинӣ мекунанд. Гуфта шуд, ки то имрӯз 20 лоиҳаи муштарак ба маблағи 27,4 миллиард сӯм маблағгузорӣ шудааст. Ҳоло раванди бо пул таъмин намудани 20 объекти арзиши умумиаш 18 миллиард сӯм давом дорад.

    Масъалаи ташкили барномаҳои коромӯзии олимони ҷавони ӯзбек дар муассисаҳои илмии пешрафтаи Чин низ баррасӣ шуда, доир ба густариши кор дар ин самт табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо омодагии худро барои нигоҳ доштани робитаҳои мустақим байни паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионии ду кишвар изҳор доштанд.

    No date selected
    August 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates