Дар анҷоми форум, 2 июн дар Девони Вазирон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов бо роҳбари ҳайати намояндагони Чин – муовини раиси Шӯрои халқии сиёсии машваратии Чин, раиси Кумита оид ба ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории Чин дар Созмони ҳамкории Шанхай Шен Юейю мулоқот карданд.
Дар оғози мулоқот хонум Шен Юэйю хоҳиш кард, ки саломи самимӣ ва орзуҳои неки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Раиси Шӯрои халқии сиёсии машваратии Чин Ван Хунинро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев расонанд.
Имрӯз ҳамкории ду давлат дар ҳама шароит ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баромадааст. Дар ин, бешубҳа, робитаҳои самимии бародаронаи роҳбарони мамлакатҳои мо аҳамияти калон доранд.
Таъкид кард, ки Чин дастгирии комили сиёсати Ӯзбекистонро дар роҳи истиқлолият, муштаракотии ҳудуд ва манофеи миллӣ идома медиҳад.
Тавре зикр гардид, Ӯзбекистон шарики муҳими тиҷоративу иқтисодии Чин дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар мамлакати мо зиёда аз 3700 корхонаи муштарак бо сармояи Чин фаъолият дорад. Дар бахшҳои инфрасохтор, кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ ва энергетикаи “сабз” лоиҳаҳои бузурги муштарак амалӣ мешаванд.
Тартиби равуо бидуни раводид, ки аз 1 июни соли равон байни давлатҳо мавриди амал қарор гирифт, дар рушди робитаҳо дар доираҳои соҳибкории ду мамлакат, инчунин, боз ҳам афзун гардидани гардиши сайёҳон нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин тавофуқот, созишномаҳои байниминтақавӣ ва шартномаҳои тиҷоратӣ, ки дар натиҷаи Форуми дуюми байниминтақавӣ дар Самарқанд ба даст омадаанд, ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунанд.
Дар мулоқот доир ба тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, бахусус, амиқтар кардани ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту логистика, ҳамкориҳои саноатӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва илмӣ табодули афкор сурат гирифт.









