Масъалаҳои вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ бо СММ дар партави татбиқи вазифаҳои миллӣ оид ба дастрасӣ ба Мақсадҳои рушди босубот муҳокима гардиданд.
Дар аввали суҳбат роҳбари давлатамон Антониу Гутерришро бо сессияи ҷашнии СММ самимона табрик намуда, ташаббусҳои ӯро оид ба ислоҳи низоми Созмон бинобар воқеиятҳои имрӯз қатъиян дастгирӣ намуд.
Дараҷаи беназири баланди шарикии байни Ӯзбекистон ва СММ бо қаноатмандӣ таъкид ёфт. Беш аз 160 барнома ва лоиҳа бомуваффақият татбиқ мегардад. Моҳи октябр ба имзо расидани Барномаи нави панҷсолаи ҳамкорӣ интизор меравад.
Дар солҳои охир бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон 13 резолютсияи Ассамблеяи генералии СММ қабул гаштааст. Ӯзбекистон узви чунин ниҳодҳои бонуфуз, мисли ЭКОСОС, Кумита оид ба ҳуқуқи инсон ва Комиссияи омор интихоб гардид.
Бо ташаббуси Ӯзбекистон фардо дар қароргоҳи СММ чорабинии дараҷаи олӣ оид ба мубориза бо саратони кӯдакон ва дигар бемориҳои вазнин баргузор мегардад. Омодагии фаъолона ба Конференсияи генералии 43-юми ЮНЕСКО дар шаҳри Самарқанд идома дорад.
Антониу Гутерриш ба нутқи Президенти Ӯзбекистон дар сессияи ҷашнии Ассамблеяи генералӣ баҳои баланд дод ва аҳамияти ташаббусҳои ӯро дар заминаи дастёбӣ ба Мақсадҳои рушди босубот, ташаккули Осиёи Марказии Нав, амиқсозии ҳамкории ҷаҳонӣ ҷиҳати технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, дастгирии ҷавонон, пеш бурдани ғояҳои исломи бомаърифат ва дигар соҳаҳо махсус таъкид кард.
Зимни суҳбат инчунин табодули афкор дар заминаи мушкилоти аҳамиятноки байналхалқӣ ва минтақавӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар поёни мулоқот дар бораи рушди шарикии фарогир бобати самтҳои бартаринок, таҳияи барнома ва лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ ба тавофуқ расиданд.












