баннер
16 Apr 2025
20:01

    Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои тезондани ҷорӣ кардани системаи «Е-Permit»-ро баррасӣ карданд

    Нақлиёт 5 Dekabr 2024 1027

    3 декабр ҷамъомади комиссияи муштараки ӯзбекистониву тоҷикистонӣ оид ба масъалаҳои нақлиёти байналмилалии автомобилӣ баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ, ки таҳти роҳбарии муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон М. Умаров ва муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саидмуродзода гузашт, масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ муҳокима шуданд.

    Зимни вохӯрӣ, ки дар формати видеоконфронс баргузор шуд, ҷонибҳо дар бораи вазъи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ мубодила афкор намуда, квотаҳои мубодилаи бланкҳои иҷозатнома барои соли 2025-ро мувофиқа карданд.

    Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷанбаҳои марбут ба тезондани ҷорӣ намудани системаи электронии мубодилаи бланкҳои иҷозатнома «Е-Permit» байни кишварҳоро бо мақсади тезондани раванди боркашонӣ баррасӣ намуданд.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech