Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳаракати автобусҳоро барқарор карданд

    Нақлиёт 17 Oktabr 2021 1154

    Ширкати "Asian Express"-и Тоҷикистон аз дубора оғоз шудани хатсайри автобусҳои "Хуҷанд - Тошканд - Хуҷанд" хабар дод. Рузи душанбеи 18 октябр автобус аз Хуҷанд ба Тошканд рафта, ҳамон рӯс пас мегардад.

    Ба гуфтаи намояндаи ширкати нақлиётӣ дар Хуҷанд Анвар Гиёсов дар аввал автобусҳои дуошёна ҳар рӯз як маротиба ҳаракат хоҳанд кард. Дар оянда, агар шумораи хоҳишмандон зиёд бошад, рейсҳо то ду ё се маротиба дар як рӯз зиёд карда мешаванд.

    Арзиши сафари яктарафа 100 сомонӣ (тақрибан 9 доллар) аст. Истгоҳи охирини Тошканд автовокзали Собир Раҳимов хоҳад буд. Бозгашт ба Хуҷанд низ аз он ҷо сурат мегирад. Вақти таъиншуда - 18:00, дар зимистон - 16:00 аст.

    Ҳангоми убури сарҳад мусофирон бояд бо худ шиносномаи хориҷӣ ва шаҳодатномаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 дошта бошанд. Агар мусофир эм карда нашуда бошад, пас ӯ бояд дар он ҷо аз санҷиши фаврӣ гузарад, хабар медиҳад "CentralAsia".

    «Тамоми масир бо сохтору идораҳои масъул мувофиқа карда шудааст. Мо ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон долони "сабз" дорем. Пас аз гузаронидани аввалин рейси озмоишӣ дар шароити пандемия, аниқ фаҳмидан мумкин аст, ки чанд вақт лозим мешавад. Умедворем, ки дар сарҳад мушкиле пеш нахоҳад омад ”, - гуфт Анвар Гиёсов.

    Аз 20 октябр аз Панҷакент бо автобус ба Самарқанду Бухоро рафтан мумкин аст. Сафарҳои ҳаррӯзаро ширкати сайёҳии "Сайёҳати ҳафткӯл" ташкил мекунад. Дар ин бора роҳбари ширкат Шодмонқул Сангинов дар саҳифаи фейсбуки худ хабар дод.

    Нархи роҳкиро барои шаҳрвандоне, ки тавассути Самарқанду Бухоро ба Русия парвоз мекунанд ва билети ҳавопаймо доранд, 200 сомонӣ (тақрибан 18 доллар) аст. Барои онҳое, ки мехоҳанд сафар кунанд ва баргарданд - 500 сомонӣ ($ 44).

    Аллакай фурӯши чиптаҳо ва бақайдгирии сайёҳон оғоз шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates