Дар мулоқот муовини вазири энергетикаи Озарбойҷон К.Аббосов ба ҳайси меҳмон ширкат дошт.
Масъалаҳои таъмини кори муътадили системаҳои обу энергетикии кишварҳо дар давраи тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷадвали кори шабакаҳо низ мувофиқа карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ лоиҳаҳои муштараки амалӣ, аз ҷумла вазъи кунунии лоиҳаи сохтмони НБО-1 Қамбар-Ота ва масъалаҳои ҳамоҳангсозии тавозуни обу энергетикӣ баррасӣ шуданд.
Илова бар ин, дар ин нишаст таҳқиқоти муқаддамотӣ ва нақшаҳои ояндаи сохтмони неругоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Чотқол дар вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон бо намояндагони ширкати чинии CEEC баррасӣ шуд.
Пешниҳод шуд, ки мулоқотҳои мунтазами гурӯҳҳои кории тарафҳо ташкил карда шуда, “харитаи роҳ” барои иҷрои тарҳҳо сурат гирифта, асноди дахлдор ба имзо расонда шаванд.