Ӯзбекистон аввалин сафирро дар Хорватия таъин намуд

    Сафири Ӯзбекистон дар Хорватия, ки қароргоҳаш дар Будапешт аст, Ойбек Шаҳавдинов нусхаи эътимодномаи худро ба сардори Раёсати протоколии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Хорватия Мирта Еленс Жупан супурд.

    Зимни мулоқот натиҷаҳо ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Хорватия баррасӣ гардида, нақшаҳо барои оянда муайян гардиданд. Ҷонибҳо аҳамияти таҳкими робитаҳои мутақобилан судмандро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, фарҳанг ва маориф таъкид карданд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Ёдовар мешавем, ки Ойбек Шаҳавдинов дар таърихи муносибатҳои дуҷониба аввалин сафири Ӯзбекистон дар Хорватия шуд ва моҳи марти соли 2024 ба мақоми сафири аввали Ӯзбекистон дар Венгрия бо қароргоҳаш дар Будапешт таъин шуда буд.