Қобили зикр аст, ки фаъолияти намояндагии дипломатии кишвари мо бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон ва ба шарофати дастгирии роҳбари ҳукумати Венгрия таъсис ёфтааст.
Дар чорабинии тантанавие, ки ба муносибати ин рӯйдоди муҳим ташкил шуда буд, сарвари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов, вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Венгрия Петер Сийярто, вазири рушди иқтисод Мартон Над, инчунин намояндагони доираҳои сиёсӣ ва тиҷоратӣ, корпуси дипломатии Будапешт, инчунин мухбирони ВАО-и Венгрия иштирок карданд. Консерти устодони санъати Ӯзбекистон ба тантана ҳусну қубҳи рангин бахшид.
Б.Саидов дар ин чорабинӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар марҳилаи кунунӣ сиёсати хориҷии ошкоро, прагматикӣ ва сулҳҷӯёнаро пеш мебарад, ки ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо тамоми давлатҳои ҷаҳон нигаронида шудааст. Аз чумла, вусъат додани ҳамкорӣ бо Венгрия яке аз муҳимтарин соҳаҳои дипломатияи мамлакати мо мебошад.
Дар навбати худ П.Сийярто гуфт, ки дар Будапешт ифтитоҳи Сафорати Ӯзбекистон далели равшани динамикаи мусбати муносибатҳои ду кишвари сулҳпарвар мебошад. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки фаъолияти ҳайати дипломатӣ ба густариш ва ғанӣ гардондани муносибатҳои ӯзбекистониву венгриягӣ, ба тамоюли эҳтироми ҳамдигар асос ёфтааст, хидмат мекунад.
Бояд кайд кард, ки халқҳои моро аз қадимулайём риштаҳои мустаҳками дӯстӣ ва мубодилаи маданӣ бо ҳам зич мепайвандад. Дар тӯли солҳои охир ба туфайли саъю кӯшиши муштараки ҷонибҳо муносибатҳо байни Ӯзбекистон ва Венгрия динамикаи бемисли баландро нишон дода, фаъол ривоҷ меёбад. Равобити дӯстонаи бо мурури вақт санҷидашуда ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ баромад. Ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра пайваста густариш меёбанд.
Ўзбекистон ва Венгрия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА ва, бахусус, СДТ муколамаи фаъол доранд.
Бинои сафоратхона, ки дар ноҳияи марказии Будапешт ҷойгир аст, унсурҳои меъмории анъанавӣ ва муосирро ҳамоҳанг мекунад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.