Ӯзбекистон дар конфронси байналмилалии шаробпазӣ ширкат мекунад

    Воқеаҳо 7 Aprel 2022 1306

    Рӯзи 22 апрел дар Маскав бо дастгирии Бунёди "Росконгресс" конфронси байналмилалии «Қонунгузории нав ва тағйироти меъёрӣ дар соҳаи виносозӣ дар Русия. Барномаи миллии коди коняк дар системаи мониторинги ягонаи сифати маҳсулоти винопазӣ. InnoWine-2022" баргузор мегардад.

    Ба он намояндагони мақомоти давлатӣ, ки соҳаи шаробпазиро назорат мекунанд, инчунин намояндагони истеҳсолкунандагон, таъминкунандагон, воридкунандагон ва ташкилотҳои илмии Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Молдова ва дигар кишварҳо даъват шудаанд. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти фонд хабар медиҳад.

    Ҳадафи аслии конфронс фароҳам овардани имкони амалии ширкаткунандагони бозори шароб барои шиносоӣ, табодули афкор ва таҷриба дар бораи фаъолияти корхонаву созмонҳо дар шароити муосири иқтисодӣ мебошад.

    Ширкаткунандагон ҳамчунин роҳҳои рушди токпарварӣ ва виносозӣ, афзоиши ҳаҷми содирот ва воридоти маҳсулоти шаробӣ аз кишварҳои хориҷи наздик ва дур, масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи токпарварӣ ва винопазиро баррасӣ хоҳанд кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates