Ӯзбекистон амали террористӣ дар Афғонистонро қатъӣ маҳкум кард

    Бехатарӣ 1 Dekabr 2022 1101

    Ӯзбекистон амали террористии 30 ноябри соли 2022 дар шаҳри Айбаки музофоти Самангони Афғонистон содиршударо шадидан маҳкум кард. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфта мешавад.

    «Мо амали террористии 30 ноябри соли 2022 дар шаҳри Айбаки музофоти Самангони Афғонистон содиргардидаро ба таври қатъӣ маҳкум мекунем. Кирдори бадхоҳона дар мадрасаи «Ҷиҳодия» боиси қурбонии зиёди инсонӣ, асосан дар байни донишҷӯёни ҷавон гардид.

    Бори дигар изҳор менамоем, ки чунин амалҳои хушунатомез боиси муташанниҷ шудани вазъ гардида, ба истиқрори сулҳи пойдору дарозмуддат, инчунин ба даст овардани ризоияти миллӣ дар Афғонистон монеъ мешаванд.

    Ба хонаводаҳо ва наздикони қурбониён тасаллияти самимии худро изҳор намуда, инчунин ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорем”, - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates