Қазоқистон дар ин минтақа мақоми дувумро касб карда, дар зинаи 49-ум қарор гирифт. Пас аз он Русия (72), Қирғизистон (75) ва Тоҷикистон дар ҷои 88-ум қарор доранд. Арманистон нишондиҳандаи пасттаринро нишон дода, дар зинаи 82-юм қарор гирифт.
Финландия, Дания ва Исландия хушбахттарин кишварҳои ҷаҳон дониста шудаанд ва Афғонистон бадбахттарин кишвар боқӣ мондааст.
Дар ин ҳисобот сатҳи хушбахтӣ дар 143 кишвари ҷаҳон бо назардошти омилҳое, аз қабили ММД ба ҳар сари аҳолӣ, дастгирии иҷтимоӣ, озодии интихоб дар зиндагӣ ва давомнокии умр дар ҳолати солимии комил арзёбӣ шудааст.