Ўзбекистон қаҳрамонони Паралимпиада дар Токиоро тантанавӣ истиқбол гирифт

    Варзиш 7 Sentabr 2021 1169

    6 сентябри соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Тошканд ҳамватанони ҷасури мо, ки шарафи варзишии Ӯзбекистонро дар Бозиҳои XVI-уми тобистонаи паралимпӣ дар Токио ҳимоя карданд, ботантана пешвоз гирифта шуданд.

    Пас аз ин автобусҳо бо ҳайати варзишии Ӯзбекистон ба боғи "Ӯзбекистони Нав", ки дар он ҷо чорабиниҳои асосии маросими тантанавӣ баргузор гардиданд, равон шуданд.

    Аз 24 август то 5 сентябр дар пойтахти Ҷопон варзишгарони Ӯзбекистон 8 медали тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар маҷмӯъ -- 19 медал, ва дар байни ҳамаи кишварҳои иштирокчии Бозиҳо ҷои 16-умро гирифт.

    Дар вохӯрии тантанавӣ Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов, Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов, муовини Сарвазир Азиз Абдуҳакимов, инчунин намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, варзишгарон, волидони паралимпчиён, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.

    Дар маросим Спикери Палатаи қонунгузорӣ Нурдинҷон Исмоилов, Сарвазир Абдулла Арипов, волидони варзишгарон ва паралимпчиён сухан ронда, таъкид намуданд, ки ғалабаи бемисли ҳамватанони ҷасурамон ба қалби мо ифтихори беҳадро ҷойгир мекунад, натиҷаи эътибори Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба рушди варзиш дар мамлакат, хусусан паралимпӣ мебошад.

    Иштирокдорони чорабинӣ таъкид намуданд, ки қарори сарвари давлат "Дар бораи чораҳои таъмини иштироки ҳайати варзишии Ӯзбекистон дар Бозиҳои тобистонаи XXXII Олимпӣ ва XVI Паралимпии соли 2021 дар Токио (Ҷопон) ва рушди минбаъдаи намудҳои олимпии варзиш" барои он асос гардид, ки паралимпиадачиёни мо машқҳоро дар асоси стандартҳои муосир гузаронанд, таҷриба ва маҳораташонро такмил диҳанд, ба мусобиқаҳои бонуфузе, ки ба Бозиҳои паралимпӣ роҳхат медиҳанд, омода шаванд ва барои иштироки сазовори онҳо дар онҳо ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварданд.

    Дар ин мусобиқаҳо бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон намояндагони кишвари мо аз рӯи намудҳои пара каноэ, пара таэквондо ва пара завракронӣ низ ширкат карданд.

    Ҳудуди панҷ ҳазор варзишгар аз 168 кишвар дар Бозиҳои XVI паралимпӣ дар Токио барои пирӯзӣ мубориза бурданд. Аз ин рӯ, албатта, дар байни ғолибону ҷоизадорони бозиҳо ҷой гирифтан осон набуд. Дар паси комёбиҳои варзишгарони мо машқҳои шабонарӯзӣ ва меҳнати пурмашаққат ниҳон аст, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    Дар Бозиҳои XVI паралимпӣ ҳайати варзишии Ӯзбекистон дар байни кишварҳои иштирокчӣ 16-ум, дар байни дастаҳои Осиё баъд аз Чин, Ҷопон ва Эрон чаҳорум, дар байни кишварҳои ИДМ пас аз Русия, Украина ва Озарбойҷон чаҳорум ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шӯрои туркӣ аввалин шуд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates