Ҳангоми таҳияи Индекс дар байни 150 ҳазор хонавода ва тақрибан 4 ҳазор ҳуқуқшинос аз 140 кишвари ҷаҳон пурсишҳо гузаронида шуда, ба сатҳи қонуният баҳо дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сенати Олий Маҷлис.
Индекс волоияти қонун ҳамасола аз ҷониби созмони байналмилалии ғайриҳукуматии World Justice Project таҳия мешавад.
Ин индекс 8 нишондиҳандаро дар бар мегирад, аз ҷумла нишондиҳандаҳои “Маҳдудияти ваколатҳои давлат”, “Мавҷудияти коррупсия”, “Рӯшодӣ (шаффофият)-и фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ”, “Ҳимояи ҳуқуқҳои бунёдӣ”, “Тартиб ва амният”, «Амалияи татбиқи ҳуқуқ», «Раванди судии шаҳрвандӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ».
Баҳое, ки дар индекси мазкур ба Ўзбекистон дода шудааст, омили муҳими ташаккули обрӯи мусбати кишвари мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки имсол дар Ӯзбекистон дар ҳама 8 нишондод беҳбудӣ мушоҳида шудааст. Ба даст овардани натиҷаҳои дар боло зикршуда низ ба фароҳам овардани механизмҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии кори мақсаднок бо рейтингҳо ва индексҳои афзалиятноки байналмилалӣ дар Ӯзбекистон мусоидат мекунад.