Роҳандозии қатораҳо сабаби он аст, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Русия ҳастанд, бинобар маҳдудиятҳои нақлиётӣ, ки дар давраи пандемия ҷорӣ шуда буданд, наметавонанд ба Ӯзбекистон баргарданд.

Барои ҳамватанони худро ба кишвар расонидан 27 август соати 20:57 бинобар хатсайри "Волжский - Тошканд"  рейси махсуси қатораи мусофирбарии рақами 483 ба роҳ мебарояд.

Ҳамчунин 30 август рейси навбатии қатораи мусофирбарии рақами 446 "Тольятти - Тошканд" оғоз мешавад, ки аз истгоҳи Тольятти соати 12:35 ба роҳ мебарояд.

ҶС "Ӯзбекистон темир йуллари" аллакай фурӯши чиптаҳои электрониро боз кардааст. Ҳар як шахс метавонад тавассути сомонаи расмии ширкат дар Ӯзбекистон чипта харад ва нусхаи электронии онро ба хешовандонаш дар Русия фиристад.

Чиптаҳо танҳо ба як тараф фурӯхта мешаванд - аз Русия ба Ӯзбекистон.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақами 1005 дар Тошканд, кассаҳои маҳаллии роҳи оҳан ва маълумотхонаҳо занг занед.