Боздид дар Мюнхберг дар Донишгоҳи Hochschule Hof сурат мегирад, ки дар он ҷо иштирокчиёни ҳайат воқеан метавонанд бо системаи таълими Олмон оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи нассоҷӣ шинос шаванд.
Донишкадаи маводшиносӣ (Ifm) маҳсулоти нав ва равандҳои истеҳсолиро дар соҳаҳои мошинсозӣ, масолеҳи системавӣ, технологияи бофандагӣ ва масолеҳи композитӣ таҳия мекунад.
Донишкада бо салоҳияти баланд ва муҷаҳҳазгардонии техникӣ бо таҷҳизоти 10 кишвари ҷаҳон тафовут дошта, дорои лабораторияе мебошад, ки дар он маводҳои таҳияшаванда аз озмоишҳо ва тестҳо гузаронида мешаванд.
Донишҷӯён асосан аз Қазоқистон, Ҷумҳурии Чех, Бангладеш ва Ҳиндустон бо забони англисӣ таълим мегиранд ва аз соли аввал ба кори ҳатмӣ шурӯъ мекунанд. Таҳсил ройгон аст ва ба донишҷӯён дар як семестр 120 евро пардохт карда мешавад.