Варзишгари ӯзбекистонӣ дар марафони Рига соҳиби медали нуқра гардид

    Варзиш 17 May 2022 1917

    Марина Хмелевская – номи худро ба таърихи варзиши Ӯзбекистон ҳамчун варзишгари Ӯзбекистон, ки дар тӯли 38 сол дар бонуфузтарин мусобиқаҳои варзиши сабук натиҷаи баландро баргардонд, навишт.

    Дар пойтахти Латвия яке аз муҳимтарин пойгаҳои марафонӣ барпо гардид. Миёни варзишгарони 76 кишвари ҷаҳон ҳамватани мо соҳиби медали нуқра гардид.

    Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбекистон, ин дуввумин натиҷаи баланди марафони занон дар таърихи кишвар аст. Бори охир дар мусобиқаи умумииттифоқии варзишчиёни сабук, ки соли 1984 дар Литва шуда гузашт, Надия Усмонова бо натичаи 2:30:36 дар байни варзишгарони Ӯзбекистон рекорд гузошта буд.

    Хмелевская дар мусобикаи Рига ҷои дуюмро гирифт, вақти вай 2:33 ва 19. Мавриди зикр аст, ки дар рафти мусобиқот вай тавонист аз рақибони пешқадами африқоӣ, амрикоӣ ва аврупоӣ пеш гузашта, танҳо ба ҳарифаш аз Эфиопия бохт.

    «Rimi Riga Marathon-2022», занон:

    Мекурия Зеннебе (Эфиопия) —2:30:53;

    Марина Хмелевская (Ӯзбекистон) — 2:33:19;

    Айнелем Касахун (Эфиопия) — 2:38:21.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates