Соҳибҷамолони Ӯзбекистон бо касби 17 медал чемпионати Осиёро ба анҷом расонданд

    Варзиш 27 Iyun 2022 2084

    Дастаи мунтахаби гимнастикаи бадеии Ӯзбекистон дар рӯзи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии қитъавӣ дар Таиланд 6 медали тилло ва 3 медали нуқра ба даст овард.

    Ҳамватани мо Таҳмина Икромова дар машқҳо бо ҳалқа, тӯб ва гурз медалҳои тилло гирифт. Инчунин намояндаи дигари Ӯзбекистон Сабина Тошканбоева дар ҳунарнамоиаш бо тӯб бо медали нуқра мукофотонида шуд.

    Гимнастикачиёни ӯзбекистонӣ дар машқҳои гуруҳӣ аз рӯи барнома бо 3 лента ва 2 тӯб дар байни варзишгарони қитъа натиҷаи баландтарин нишон доданд. Боз ду ҷои аввал барои мунтахаби Ӯзбекистон дар гурӯҳи ҷавонон - ҳунарнамоии Эвелина Аталянс бо гурз ва Вилана Савадян бо лента бо ҷоизаҳои тилло сазовор дониста шуд. Соҳибҷамолони ватанӣ дар машқи гуруҳӣ бо 5 тӯб ба зинаи дуюми шоҳсуфа баромаданд.

    Ба иттилои хидмати матбуоти КМО, ба ин тартиб, медалҳои тими миллии дар ЧО ба даст овардаи Ӯзбекистон 10 медали тилло, 5 нуқра ва 2 биринҷиро ташкил медиҳад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates