Дар намоишгоҳи Душанбе чарм, пойафзол ва мӯинаи Ӯзбекистон муаррифӣ карда шуданд

    Тиҷорат 15 Iyun 2021 636

    Дар Душанбе намоишгоҳи бренди "Made in Uzbekistan" ифтитоҳ ёфт. Дар павилонҳои толор, ки дар тӯли панҷ сол ба таври доимӣ фаъолият хоҳанд кард, инчунин намоишгоҳи чарм, пойафзол ва мӯинаи Ӯзбекистон баргузор гардид.

    Ҳоло имкон пайдо шудааст, ҳатто Тоҷикистонро тарк накарда, пойафзол ва маҳсулоти чармии Ӯзбекистонро бо чашмони худ бинед, ламс кунед ва онҳоро пӯшида, мустаҳкамии чармро санҷед.

    Дар намоишгоҳ тамоми номгӯи маҳсулоте, ки корхонаҳои саноатӣ истеҳсол мекунанд, намоиш дода мешаванд. Дар байни намунаҳо ҳам пойафзоли махсус ва ҳам пойафзоли моделӣ: занона, мардона, кӯдакона ва бисёр чизҳои дигар мавҷуданд. Намояндагони тиҷорати тоҷик инчунин метавонанд ба сифати маҳсулоти чармӣ ва қароқӯли Ӯзбекистон баҳо диҳанд.

    Форуми тиҷоратии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки дар доираи ин сафар баргузор гардид, бо як қатор созишномаву шартномаҳои нав хотирмон аст. Дар он корхонаҳои узви Ассотсиатсия ҶММ "Comfort Leather Shes", ҶММ "Amr ul Bahr", ҶММ "Ravon Taraqqiyot Orzusi", ҶММ "Classica Shoes International", ҶММ "Sitoni" ва дигарон фаъолона ширкат варзиданд. Бо чунин корхонаҳои Тоҷикистон, ба монанди "Чарм", "Матин Чарм", "Аъзам" гуфтушунидҳо гузаронида шуданд. Лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ муҳокима шуданд.

    Дар натиҷаи гуфтушунидҳо шартномаҳои содиротӣ ба маблағи 5 миллиону 200 ҳазор доллар ба имзо расиданд, ки дар натиҷа ҳаҷми умумии созишномаҳои содиротӣ 12 миллион долларро ташкил доданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти "Ӯзчармсаноат".

    Инчунин, барои татбиқи муштарак ба диққати шарикони тоҷик як қатор лоиҳаҳо пешниҳод карда шуданд. Дар байни онҳо лоиҳаи таъсиси истеҳсоли чарми тайёр бо иқтидори солонаи 25 миллион метри мураббаъ мавҷуд аст. Ду лоиҳаи дигар ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр бо арзиши баланди иловагӣ равона карда шудааст. Дар сурати бомуваффақият татбиқ шудани лоиҳаҳо солона аз конвейерҳои корхонаҳои муштарак 100 000 ҷуфт пойафзол ва 40 000 сумка ва ҷомадон мебароянд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates