Тавре ки дар Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар доданд, ин табиб оториноларингологи ботаҷриба, роҳбари клиникаи хусусӣ дар Самарқанд Ҳасан Камилов мебошад.
Ӯ унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд буда, айни замон дар Донишгоҳи Чунбук дар Кореяи Ҷанубӣ ба такмили ихтисос машғул аст.
Ба гуфтаи Ҳасан Камилов, ҳангоми парвоз вазъи саломатии яке аз мусофирзанон ногаҳон якбора бад шуд. Зан дар ҳолати вазнини шокӣ қарор дошт: ҳарорати баданаш паст шуда, нишонаҳои кабудшавии пӯст мушоҳида мегардиданд.
Табиб бо истифода аз воситаҳои ёрии таъҷилии тиббие, ки ҳамеша бо худ дорад, инчунин ниқоби оксиген ва таҷҳизоти тиббии пешниҳодкардаи ҳайати экипажи ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways ба зан ёрии зарурӣ расонд.
Дар натиҷа, имкон фароҳам омад, ки вазъи саломатии мусофирзан ба эътидол оварда шавад. Зарурати фуруд омадани фаврии ҳавопаймо ба миён наомад.
«Ин қаҳрамонӣ нест, балки қарзи табибии мо ва як қисми кори ҳамарӯзаи пурмашаққатамон аст», — таъкид кард Ҳасан Камилов.