Корхонаи тавлиди мошинҳои Ӯзбекистону Қирғизистонро 28 май ба кор андохтанианд

    Нақлиёт 23 May 2024 1280

    Заводи истеҳсоли автомобилҳои Ўзбекистон-Қирғизистон омода аст ба тариқи озмоиш 28 майи соли 2024 ба истифода дода шавад. Дар ин бора вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Данияр Амангелдиев хабар дод.

    Корхона дар ноҳияи Сокулуки вилояти Чуй вокеъ мегардад. Завод ба нақша гирифтааст, ки мошинҳои тамғаи Chevrolet, Daewoo ва Isuzu истеҳсол кунад, хабар медиҳад economist.kg.

    Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2023 миёни ҶС «Ӯзавтосаноат», ҶММ «ДТ Техника» ва ҶС «НУР» созишнома оид ба ҳамкорӣ оид ба ташкили истеҳсоли автомобилҳо ва техникаи тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расида буд.

    «Ғайр аз ин, дар охири моҳи август онҳо ният доранд, ки корхонаи васлкунии мошинҳои барқии Қирғизистону Чинро ба кор андозанд», - афзуд Д.Амангелдиев.

    Кушода шудани заводи нави автомобиль барои иктисодиёти Қирғизистон воқеаи муҳим аст. Ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, тавлидот ва содирот афзоиш ёбад ва рақобатпазирии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш ёбад.

    Дар аввал ба нақша гирифта шуда буд, ки ин корхона дар моҳи сентябри соли 2023 ба кор андохта шавад, вале дертар мӯҳлат ба моҳи ноябри ҳамон сол гузаронида шуд. Моҳи январи соли 2024 дар бораи боз як мавқуф гузоштани ифтитоҳи корхона "бо сабаби обу ҳаво" маълум шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates