Узгидромет: сармоҳои Маскав ба Ӯзбекистон меоянд

    16 ноябри соли ҷорӣ ба ноҳияҳои шимолии Ӯзбекистон, 17-18 ноябр ба тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ тавассусти Поволже массаи ҳавои тару хунук, ки дар ҳудуди аврупоии Русия (вилояти Маскав) ташаккул ёфтааст, ворид мешавад.

    16-17 ноябр аз рӯи маълумоти Узгидромет дар ҷумҳурӣ шамол то 17-22 м/с вазида, эҳтимоли то 25-28 м/с шиддат гирифтанро дошта, дар ҷойҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

    16 ноябр дар Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм, 17 ноябр дар дигар минтақаҳои Ӯзбекистон боришот (борон, бо гузариш ба барф) мешавад.

    Рӯзҳои 17-18 ноябр дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ боришот (борону барф) дар баъзе ҷойҳо зиёд мешавад.

    Дар саросари ҷумҳурӣ якбора паст шудани ҳарорат дар назар аст. 16-17 ноябр дар шимол, 17-18 ноябр дар саросари Ӯзбекистон ҳарорати ҳаво паст шуда, шабона то 5-8 дараҷа хунук, рӯзона то 0-3 дараҷа гарм, дар шимол шабона то 12-15 дараҷа, рӯзона то 0-3 дараҷа хунук мешавад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates