14-16 феврал дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазиши шамол то 15-20 метр дар назар аст. Дар баъзе ҷойҳои эҳтимоли фаромадани туман ҳаст.
Бинобар маълумоти хидмати Узгидромет, заминаи ҳарорат дар ин ҳафта ба меъёри иқлимии миёнаҳои феврал наздик мегардад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-5 дараҷа ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Дар шимоли ҷумҳурӣ дар нимаи аввали ҳафта шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа, дар нимаи дуюм шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахт 14-15 ва 17 феврал баъзан кам-кам, 16 феврал борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-3 дараҷа хунук ва рӯзона 7-10 дараҷа гарм мешавад.