Узгидромет: шаҳрвандони Ӯзбекистонро аз болоравии ҳарорати ҳаво то +45 дараҷа огоҳ кард

    Сайёраи сабз 25 Iyul 2024 659

    Узгидромет хабари изтирории гидрометеорологӣ нашр кард, ки дар он ҳавошиносон аз пеш омадани гармо дар нимаи дуюми ҳафта ҳушдор медиҳанд.

    Ба гуфтаи онҳо, рӯзҳои 25-29 июли соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон ҳавои хеле гарм дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона дар аксари қаламрави ҷумҳурӣ, ғайр аз Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм то 40-43 дараҷа, дар ҷануб ва биёбон то 44-45 дараҷа гарм мешавад.

    Дар баъзе ҷойҳо дар назар аст, ки шамол бо суръати то 13-18 метр вазида, дар баъзе ноҳияҳо то 20-23 шиддат гирифта, тӯфони ғуборолуд падид меояд.