11 июл дар Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм, 12-13 июл дар дигар минтақаҳо ҳарорати ҳаво то 40-42 дараҷа, дар шимолу ҷануб ва биёбон дар ҷойҳои то 43-45 дараҷа, дар ғарби биёбони Қизилқум дар баъзе ҷойҳо то 46° С гарм шуд.

Тибқи иттилои хидмати “Узгидромет”, мавҷи гармӣ кӯтоҳмуддат буд. Аз 13 июл хавои нисбатан салкини ноҳияҳои Кавказ ба ноҳияҳои шимолу ғарбии ҷумҳурӣ пахн шуда, ҳарорати ин территория 5-7 дараҷа паст шуд.

Имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳаракати ҳавои Кавказ давом карда, дар ҳама ҷо гармӣ суст шудан мегирад. Имрӯз рӯзона ҳарорати ҳаво 35-39 дараҷа ва дар ҷануб то 41-44 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои истироҳат дар аксари минтақаҳо ҳарорати ҳаво дар ҳудуди 33-38 дараҷа ва танҳо дар баъзе ҷойҳо то 39-40 дараҷа гарм мешавад.

14-16-уми июл дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои хушку камабрӣ дар назар аст. Дар баъзе ҷойҳо шамол то 15-20 метр вазида, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чанголуд падид меояд.

Дар пойтахт: 14-16 июл ҳаво абрнок шуда, борон намеборад. Шамол аз самти ғарб дар як сония 3-8 метр мевазад, шоми 14 июл ва 15 июл 12-15 метр шиддат гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд ба вуҷуд меояд. Ҳаво имрӯз рӯзона 37-39 дараҷа ва дар рӯзҳои истироҳат 35-38 дараҷа гарм мешавад.