Дар чорабинӣ, ки Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон (ААКО) якҷоя бо ҳокимияти вилояти Самарқанд ташкил кардааст, коршиносони байналмиллалӣ, марказҳои китобхонаҳои иттилоотӣ ва захираҳои иттилоотӣ, роҳбарону мутахассисони китобхонаҳо, нашриётҳо, бойгониҳо, осорхонаҳо, олимон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, мутахассисони соҳаи ТИК, арбобони ҷамъиятӣ, намояндагони вазорату идораҳо иштирок карданд.
Дар маросими ифтитоҳи он директори ААКО А.Хоҷаев, муовини ҳокими вилояти Самарқанд Р.Қобилов, директори генералии Китобхонаи давлатии Русия, ноиби президенти Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё, ноиби президенти Ассотсиатсияи китобхонаҳои Русия В.Дуда ва дигарон қайд намуданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони нав муайяншуда таҳти шиори миллии «Миллати китобдӯст» ҷиҳати баланд бардоштани сифати. хизматрасонии ахбору китобхона ба аҳолӣ ва ба таври васеъ оммавӣ гардондани китобхонӣ корҳои мунтазам ва ҳамаҷониба амалӣ карда мешаванд.