Дар ин бора шабакаи телевизионии минтақавии Fox35 бо такя ба маълумоти Идораи авиатсияи шаҳрвандии ИМА (FAA) хабар дод.
Тибқи маълумоти FAA, Airbus A330 субҳи душанбе бо 200 мусофир, 10 корманди борт ва ду халабон барои парвоз ба Атланта омодагӣ медид. Баробари ба ҳаракат даромадани ҳавопаймо, аз қубури ихроҷи яке аз муҳаррикҳо алангаи оташ мушоҳида шуд.
Дар навори нашршуда дида мешавад, ки вақте наҷотдиҳандагон барои хомӯш кардани оташ талош мекунанд, мусофирон тавассути тарапҳои суқут ҳавопайморо тарк мекунанд.
Дар бораи талафот маълумоте нест, хабар медиҳад report.az.