"28-уми январ, тақрибан соати 22:30, дар фурудгоҳи Кимҳэ, дар қисмати думии ҳавопаймои Air Busan, ки ба самти Ҳонконг парвоз мекард, оташ сар зад. Дар натиҷа, беш аз 170 мусофири он фавран аз дохили ҳавопаймо берун шуданд. Ба иттилои агентӣ, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", — омадааст дар хабар.
Тибқи маълумоти хадамоти фавқулода, дар дохили ҳавопаймои оташгирифта 169 мусофир ва 7 узви экипаж ҳузур доштанд. Ҳамаи 176 нафар, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, бомуваффақият эвакуатсия шуданд. Ҳангоми эвакуатсия ду нафар ҷароҳати сабук бардоштаанд, вале ҷони онҳо дар хатар нест.
Ба гуфтаи Yonhap, сӯхторнишонҳо фавран пас аз гирифтани сигнал ба ҷои ҳодиса расиданд.
Сабабҳои сар задани сӯхтор то ҳол муайян нашудааст. Маълум аст, ки оташ дар қисмати думии Airbus 321, ки омодаи парвоз мешуд, сар задааст. Як шоҳиди ҳодиса ба агентӣ хабар додааст, ки аввал дуди ғафс аз қисми думии ҳавопаймо хориҷ шуд ва баъдан алангаи оташ бо суръати баланд тамоми тайёраро фаро гирифт, хабар медиҳад ria.ru.