Дар ин бора бо истинод ба хадамоти матбуотии Delta Air Lines Report хабар медиҳад.
"Боли ҳавопаймои Airbus A350, ки аз Атланта ба фурудгоҳи байналмилалии Токио ба парвоз омодагӣ мегирифт, бо қисмати думи ҳавопаймои Endeavour Air CRJ-900..., ки роҳи Луизианаро пеш мегирифт ва дар шафати роҳ ҳаракати ҳавопаймо қарор дошт, бархӯрд", омадааст дар хабар.
Ба иттилои ширкати ҳавопаймоӣ, касе осеб надидааст. Мусофирон ба терминали фурудгоҳ баргардонда шуданд ва ба онҳо пешниҳод карда мешавад, ки бо рейсҳои дигар парвоз кунанд.