Дар чорабинӣ дар мавзӯи «Иқтисоди сабз. Инноватсияҳои нави иқлим» директори Агентии рушди инноватсионӣ Олимҷон Тӯйчиев, ректори Донишгоҳи иқтисод Конгратбой Шарипов ва дигарон иштирок намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами марбут ба иқтисоди "сабз" ва тағйири иқлим ва тағйироти зарурӣ дар ин самт баррасӣ шуданд.
Инчунин, ҷавонон бо ғояву лоиҳаҳои илмии худ оид ба инноватсияҳои сабз имкон пайдо карданд, ки лоиҳаҳои худро ба коршиносону мутахассисони байналмилалӣ муаррифӣ намуда, тавсияҳои онҳоро бигиранд ва бо иштирокдорони вохӯрӣ табодули афкор намоянд.