Дар Алмаато Хонаи савдои «Ӯзбекистон» кушода шуд

    Воқеаҳо 10 Sentabr 2021 867

    Дар шаҳри Алмаато маросими ифтитоҳи Хонаи савдои "Ӯзбекистон" баргузор шуд, ки муассисони он Ассотсиатсияи рушди тиҷорат ва Ассотсиатсияи содиркунандагони кишвари мо ҶС "Береке Азия групп" буданд.

    Дар шоу-рум намунаҳои молҳои 26 истеҳсолкунандаи Ӯзбекистон, асосан нассоҷӣ, пойафзол, фарфор, мебел, лавозимоти тиббӣ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти саноати электротехникӣ, масолеҳи сохтмон ба намоиш гузошта шуданд.

    Дар маросими кушодашавӣ ҳайати намояндагони доираҳои соҳибкории Ӯзбекистон бо сарварии муовини Ассотсиатсияи содиркунандагони Ӯзбекистон Ёркин Маликов ҳузур доштанд.

    Консули генералии Ӯзбекистон дар Алмаато Аброр Файзуллаев дар суханронии табрикӣ ба ҳозирин дар бораи вазъи кунунии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон, вазифаҳо оид ба афзоиш додани мумилоти дуҷонибаи мол бо таваҷҷӯҳ ба ҷузъи содирот маълумот дод. Вай қайд кард, ки таъсиси Хонаи савдо бо мақсади пешбурди содироти маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ӯзбекистон ба бозори Қазоқистон, таҳкими робитаҳои корӣ байни намояндагони доираҳои тиҷоратии ду кишвар бо мақсади афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба пешбинӣ шудааст.

    Инчунин бо иштироки намояндагони доираҳои корчаллонии Ӯзбекистон ва Қазоқистон аҷумани тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои амалии ҳамкории байни Хонаи савдо ва соҳибкорони ду мамлакат ҳангоми ба имзо расондани қарордодҳои содиротиву воридотӣ, ки ба иштироки миёнаравони мухталиф роҳ намедиҳад ва иҷрои ӯҳдадориҳоро кафолат медиҳад, баррасӣ гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates