Дар Андиҷон сохтмони корхонаи сӯзондани партов оғоз шуд

    Саноат 8 Iyul 2025 650

    Дар ноҳияи Хоҷаобод пойдевори бинои корхонаи истеҳсоли нерӯи барқ тавассути сӯзонидани партовҳо гузошта шуд.

    Арзиши умумии лоиҳа 146 миллион доллар буда, корхона аз ҷониби ширкати "China International Camce" сохта мешавад.

    Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Шӯҳратбек Абдураҳмонов, равшанфикрон, роҳбарони ташкилотҳо ва намояндагони соҳа ширкат варзиданд.

    Лоиҳаи мазкур натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, дар байни солҳои 2025-2027 пурра мавриди истифода қарор додани он дар назар аст.

    "Имрӯз вазифаи асосии мо истифодаи оқилона аз имкониятҳое мебошад, ки барои татбиқи чунин лоиҳаҳои бузург ва муҳими стратегӣ фароҳам гардидаанд. Муҳайё кардани замина барои рушди устувори иқтисодии вилоят мебошад", - гуфт Шӯҳратбек Абдураҳмонов.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates