Ба Ашқобод сафири нави Ӯзбекистон омад

    Имрӯз, 29 ноябр, ба пойтахти Туркманистон Сафири Фавқулодда ва Мухтори тозатаъйиншудаи Ӯзбекистон Равшанбек Алимов омад.

    Дар солҳои 2020-2024 ӯ раиси Кумитаи масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ ва туризми Сенати Олий Маҷлис буд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ӯ 58 сол дорад. Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н. Бауман, Академияи идоракунии давлатӣ назди Президенти Ӯзбекистон ва Донишгоҳи Ҷорҷтауни ИМА-ро хатм кардааст.

    Фаъолияти меҳнатии худро соли 1990 аз сатҳи вилоятӣ дар системаи Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ (ҳоло Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо) оғоз кардааст. Сипас дар Маъмурияти Президенти Ӯзбекистон, котиботи Сарвазир, сардори шӯъбаи Вазорати макроиқтисод ва омор кор кардааст. Солҳои 2002-2008 сафири Ӯзбекистон дар Украина ва дар як вақт дар Молдова, дар Фаронса ва дар як вақт дар Португалия буд.

    Аз соли 2008 дар системаи Вазорати корҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҳамчун мушовири Сафорат дар Москва, сардори шӯъба ва идораи дастгоҳи марказии вазорат фаъолият кардааст.

    Соли 2020 сенатор интихоб гардида, раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ ва туризм таъйин шудааст.

    Равшанбек Алимов Акмал Кучкаровро, ки солҳои 2016-2024 сафири Ӯзбекистон дар Ашқобод буд, иваз кард.

    Ӯ забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, русӣ ва украиниро медонад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates