«Дар доираи супоришҳои техникӣ модели пешниҳодшудаи бизнес барои рушди долонҳои интиқоли байналмилалӣ (маблағгузорӣ, гардиши даромад ва моликият) ва фурӯши энергияи сабз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таҳия карда мешавад. Дар асоси гуфтаҳои боло лоиҳаи меморандуми ҳамкорӣ оид ба пайвастани системаҳои энергетикии Озарбойҷон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон байни вазоратҳои энергетикаи се кишвар таҳия карда шуд», - гуфт ба ин муносибат раҳбари вазорати энергетикаи Қазоқистон Алмасадам Сатқалиев.
Илова бар ин, тавре хабар дода шуд, дар ин ҳамоиш равишҳои асосии татбиқи лоиҳаи мазкур баррасӣ ва мувофиқа карда шуданд. Рӯзи сешанбе дар Остона нахустин нишасти вазирони энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор шуд.