Намояндагони Ӯзбакистон зимни сафар ба Чин дар мавриди бунёди неругоҳҳо ба мувофиқа расиданд. Ҷониби Чин ҳамчунин ният дорад, барои бунёди пансионати саломатӣ дар ноҳияи Зангиота 20 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.
Сармоягузорони чинӣ низ барои сармоягузорӣ дар Янғгийӯл изҳори таваҷҷуҳ кардаанд. Дар ин мавзеъ нақшаҳои ба кор андохтани минтақаи хурди саноатӣ, таъмири хонаҳои кӯҳна, ободонии маҳаллаҳои истиқоматӣ ва бунёди боғ баррасӣ шуданд.
Дар вилояти Тошканд татбиқи лоиҳаҳои саноатӣ ба миқдори умумии 90 миллион доллар, ки ба истеҳсоли маҳсулоти фармасевтй, конструксияҳои металлӣ, нахҳои сунъӣ ва ришта нигаронида шудааст, пешбинӣ гардидааст.