Ифтитоҳи мавсими курортии зимистона дар Бӯстонлиқ баргузор шуд

    Сайёҳӣ 13 Dekabr 2023 2034

    Дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд чорабиниҳое, ки ба рушди сайёҳӣ дар кишвари мо, ҷалби сайёҳони ҳам маҳаллӣ, ҳам хориҷӣ, баррасии мушкилоти ҷорӣ дар соҳа ва густариши имкониятҳо нигаронда шудаанд, баргузор гардиданд.

    Ба ин муносибат “Маросими ифтитоҳи мавсими зимистон”, лагери “Sky Camp Bustonlyk”, “Chimgan Challenge - 2023” ва Фестивали гастрономӣ ташкил карда шуданд.

    Дар чорабинӣ кормандони Кумитаи оид ба сайёҳии назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, ҳокимияти вилояти Тошканд, инчунин ҷомеа иштирок карданд. Дар он инчунин намояндагони намудҳои зимистонаи варзиш ва рӯзноманигорон ҳузур доштанд.

    Чорабинӣ аз ифтитоҳи расмии мавсими зимистон оғоз ёфт, ки дар он баромади таъсирбахши лижаронҳо ва сноубордчиён, ки бо парчамҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар даст аз қуллаи кӯҳ фаромаданд, оғоз ёфт. Сипас мусобиқаҳои варзишии зимистона – «Bo‘stonliq chellenj» ва «Sky Camp» барои моҳирони касби худ ва ҳаваскорон оғоз гардиданд.

    Ҳозирон дар бозиҳо: тирпарронӣ, ресмонкашӣ, инчунин шоҳмот, футболи хурд ва бадминтон иштирок карданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон мукофотонида шуданд.

    Дар давоми рӯз Фестивали гастрономӣ низ доир гардид, ки дар он намояндагони тамоми ноҳияҳои вилояти Тошканд таомҳои миллӣ ва суннатии худро ба намоиш гузоштанд.

    Солҳои охир дар кишвари мо ба рушди шаклҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла туризми лижаронӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, зеро Ӯзбекистон на танҳо бо шаҳрҳои бостонии худ, балки бо минтақаҳои нотакрори кӯҳистонии худ шуҳрат пайдо мекунад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates