Дар Будапешт густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таълимӣ миёни Ӯзбекистон ва Венгрия баррасӣ шуд

    17 июл дар шаҳри Будапешт ҷаласаи ҷашнии 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Венгрия баргузор гардид. Дар музокирот ҳайатҳои ҳар ду кишварро вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов ва вазир корҳои хориҷӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Венгрия Петер Сийярто роҳбарӣ намуданд.

    Тарафҳо роҳҳои амиқтар сохтани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро баррасӣ карда, ба масъалаи оғоз намудани лоиҳаҳои нави муштарак дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ба татбиқи минтақаи муштараки саноатӣ дар вилояти Тошканд ва фароҳам овардани шароит барои густариши сармоягузориҳои венгрӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

    Дар натиҷаи музокирот ду ёддошти тафоҳум— оид ба барномаи таълимии Stipendium Hungaricum ва ҳамкориҳои саноатӣ миёни Basalt Group ва MOL ба имзо расид.

    Ҷаласаи комиссия бо баргузории форуми тиҷоратӣ ҷамъбаст гардид, ки дар он имкониятҳои иштироки ширкатҳои венгрӣ дар лоиҳаҳои «Тошканди Нав», трансформатсияи рақамӣ ва рушди инфрасохтории Ӯзбекистон муҳокима гардид.

    Ҷаласаи ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Венгрия дар варзишгоҳи Groupama Aréna, воқеъ дар ноҳияи Ференцвароши пойтахти Венгрия — шаҳри Будапешт баргузор гардид.

    Баъд аз анҷоми муҳокимаву музокирот сарварони ҳайатҳо бо имкониятҳои техникии варзишгоҳи бисёрсоҳаи мазкур, ки зиёда аз 22 ҳазор ҷойи нишаст дорад, шинос шуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates